Калькулятор расчета пеноблоков смотрите на этом ресурсе
Все о каркасном доме можно найти здесь http://stroidom-shop.ru
Как снять комнату в коммунальной квартире смотрите тут comintour.net

 КИТОБ - САРЧАШМАИ ДОНИШ

Аз замонҳои қадим аҷдодони мо нисбат ба китоб ихлосу эътимоди махсус доштанд,дар бораи он суханҳои басо ҳикматомез аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Рӯдакӣ китобро ягона мояи ганҷ донистааст.Чуноне, ки шоир фармудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бохирад андар замон
Рохи донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг- андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

А.Рудакӣ


Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эхё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субх равшан мекунад. Агар дакиктар андеша ронем. китоб рафики чонии инсон аст. Дар лахчаи вазнини, бахусус танхой китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеьри Ч,омй хеле муъчаз ифода ёфгааст:

Хуштар зи китоб дар чахон ёре нест.
Дар гамкадаи замона гамхоре нест,
Хар лахза аз у ба гушаи танхои,
Сад poxaтe хасту харгиз озоре нест.